Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гар ҳамчу уд ҷо диҳадам ёр дар канор,

Гар ҳамчу уд ҷо диҳадам ёр дар канор, Аз дасти ӯ кунам бари ӯ нолаҳои зор. Гӯям ба ӯ, ки: «эй ба сарангушти марҳамат Бигрифта набзи музтарибамро табибвор». Дар изтироби набз маро ихтиёр нест, Ишқи ту бурдааст зи дасти ман ихтиёр. Аз гӯшмоли ҳаҷри ту чун нола баркашам, Гӯше ба нолаҳои мани ҳаҷрдида дор. 16 Ин ҷо дар асли нусха хонда нашудааст. Ошиқ, ки нолад аз ғами ҳиҷрон, аз он хуш аст, К-овози ноларо бирасонад ба гӯши ёр. Булбул шавад дароззабон дар навои шавқ, Чун гӯши хеш паҳн кунад гул зи шохсор. Гӯянд баҳри чист чунин беқарорият, Чун дар канори ёр бувад ҳар дамат қарор? Гӯям, ки то ғубори дуӣ дар миёна аст, Бошад нуҳуфта чеҳраи ваҳдат дар он ғубор. Ҷомӣ, ба оби дида нишон он ғуборро, То беғубор ёр шавад бар ту ошкор.