Дар Мавсими Тобистон
I
- Мӯрча, эй мӯрча,
Майдаяки зӯрча,
Аз саҳар зери борӣ?
Чизе бо худ меорӣ?
- Аз пая як-ду дона
Дона барам ба хона.
Дар мавсими тобистон
Хӯрам ғ ами зимистон.
II
Оруяк, эй оруяк,
Хушболу хубрӯяк,
Сафар аз саҳар дорӣ?
Куҷо ту сафар дорӣ?
- Равам ҷониби саҳро,
Оварам шаҳди гулро.
Дар мавсими тобистон
Хӯрам ғ ами зимистон.
III
- Санҷобак, эй санҷобак,
Санҷобаки бехобак,
Ин қадар мешитобӣ?
Аз саҳар чӣ мекобӣ?
- Аз шоха як-ду дона
Мағз барам ба хона.
Дар мавсими тобистон
Хӯрам ғ ами зимистон.
IV
