Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Муттако

Кӯҳҳо хомушанд чун пирон, Кӯҳҳо сахт кардаанд сукут. Қисса гӯянд бурсҳои дароз Бо ҳам аз дидаю шунидаи худ. Чашмаҳо - мутрибони рӯҳафзо, Зери лаб нағ ма мекунанд эҷод, Байни шохи дарахту чоки кӯҳ Гум кунад роҳи хештанро бод. Дида дӯзад ба рӯйи сабзи дара, Офтоб аз бари ситеғи баланд, Бар сари сабзаи чу мӯйи бара Чакад аз чашми чашма оби чу қ анд. Пушти ҳам пушти пушта такя зада Хонае чанд сурати лона. Манзаре нури чашму тоби дил аст, Манзили мову туст ҷонона. Бо талу бурсу тармаву обаш Ҷой дар ҷойи ҷони мо дорад. Деҳа дорему муттако дорем, Мисли мо деҳа муттако дорад.

Китобҳои муаллиф