Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Маро ҳар лаҳза захме бар дил аз пайкони ӯ бодо,

Маро ҳар лаҳза захме бар дил аз пайкони ӯ бодо, Агар ҷонам равад, гӯ, рав, бақои ҷони ӯ бодо. Агар фармон диҳад хатташ ба хунрези вафодорон, Чу хонад, ҷумларо сар бар хати фармони ӯ бодо. Ба домонаш нашояд кард коре, хунфишон чашмам Ба ҷорӯби мижа фаррошии майдони ӯ бодо. Чу аз боди хазон боғу баҳор аз ҳам фурӯ резад, Баҳору боғи умрам ғунчаи хандони ӯ бодо. Ҳамерафт аз латофат хайфишон, андар дуо халқе, Ки кишти ноумедон хуррам аз майдони ӯ бодо. Ба ҷуз васфи ҷамолаш нагзарад бар хотири Ҷомӣ, Тамошогоҳи ҷони ошиқон девони ӯ бодо.