Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камол Насрулло
Камол Насрулло

Шони муаллим

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим. Бидон инро, ки виҷдони ҳама халқ Бувад аз рӯйи виҷдони муаллим. Агар фардои меҳанро биҷӯйӣ, Биёб аз файзи эҳсони муаллим. Агар армони меҳанро бихоҳӣ, Бидон аввал ту армони муаллим. Каму беши замонро рост кардан Тавон танҳо ба мизони муаллим. Куҷо ояндаи рӯшан тавон дид, Набошад нури чашмони муаллим. Ягон ҳосил ба хоки мазраи таб Магар рӯйида бе дони муаллим? Бидон парвозгоҳи миллати мо Бувад дар рӯйи дастони муаллим.