Маро ҳар лаҳза захме бар дил аз пайкони ӯ бодо,
Маро ҳар лаҳза захме бар дил аз пайкони ӯ бодо,
Агар ҷонам равад, гӯ, рав, бақои ҷони ӯ бодо.
Агар фармон диҳад хатташ ба хунрези вафодорон,
Чу хонад, ҷумларо сар бар хати фармони ӯ бодо.
Ба домонаш нашояд кард коре, хунфишон чашмам
Ба ҷорӯби мижа фаррошии майдони ӯ бодо.
Чу аз боди хазон боғу баҳор аз ҳам фурӯ резад,
Баҳору боғи умрам ғунчаи хандони ӯ бодо.
Ҳамерафт аз латофат хайфишон, андар дуо халқе,
Ки кишти ноумедон хуррам аз майдони ӯ бодо.
Ба ҷуз васфи ҷамолаш нагзарад бар хотири Ҷомӣ,
Тамошогоҳи ҷони ошиқон девони ӯ бодо.