Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Биншастаам…

Фикре наояд бар сарам, Биншастаам, кӯру карам, Ҳушам наёяд ҳеҷ ҷамъ, Ҷонам бисӯзад мисли шамъ. Дар хеш печам аз алам, Аз даст меафтад қалам, Аз карда ҳастам дар азоб, Бар даст чун гирам китоб? Такрори дарсам чун кунам? Баргӯй, чун акнун кунам? Аз хулқи ношоёни ман Ранҷид модарҷони ман. Хезам, ба назди модарам Узри дили худро барам. Гӯям ба чашмони тарам: «Модар, туро хоҳишгарам, Пеши ту ҳастам узрхоҳ, Ин бор бигзар аз гуноҳ. Савганд бар номат хӯрам, Дигар набидҳам ҳеҷ ғам. Гӯши ту дигар нашнавад Аз хулқи ман як ҳарфи бад. Гар бишнавад, эй меҳрубон, Бар ту наям фарзанди ҷон!» - Шояд ғ ами модар равад, Шояд гунаҳфарсо шавад. Гуфти маро орад ба ҷо, Бахшад яке ҷурми маро. Аз нав ба дил ояд қарор, Корам зи нав гирад барор… Фикре наёяд бар сарам, Биншастаам, кӯру карам.

Китобҳои муаллиф