Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Гуноҳи Кист?

Ниҳоли сабзи раҳро канд, Ба сардӣ рӯйи раҳ афканд. Кӣ канд онро? Худи Исо Ва ё дастони Исо канд? Қадам Исо зад аз гулзор, Таги по шуд гули бисёр. Аз Исо ё зи пойиӯ Гулу гулзор дид озор? Ду тан ҳамсинф гирён аст, Ба ҳам дасту гиребон аст, Худи Исо намебинад Ва ё чашмаш, ки хандон аст?... Абҳар - а) сурх, б) ёсуман, в) наргис, г) чашм Агар гӯйӣ гуноҳашро, Барад сӯе нигоҳашро, Нагардад бар гунаҳ иқ рор Забонаш, ё худи Исо? Кӣ мегӯяд, гуноҳи кист: Гуноҳ аст аз худи Исо, Гунаҳкоранд ё ӯро Забону чашму дасту по?

Китобҳои муаллиф