Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рахшанда ҷирми хур, ки бар ин сабзторам аст,

Рахшанда ҷирми хур, ки бар ин сабзторам аст, Қандили гӯрхонаи шоҳони олам аст. Карданд равшанони фалакро кабудпӯш, Яъне, ки ин сарочаи арбоби олам аст. Сахт аст бори фурқати озодагони даҳр, Оре, ба ҳарза нест, ки пушти фалак хам аст. Эман мазӣ зи захм, ки ин пурситора чарх, Перомани ту ҳалқа зада, мори арқам аст. Гирад қарор дар раҳими хок оқибат, Ҳар нутфае, ки омада аз салби одам аст. Кохи фалак пур аст зи зикри гузаштагон, Лекин касе, ки гӯш кунад ин садо, кам аст. Бикшой гӯши ҳуш, ки ин ташти пуртанин, З-овозаи Сикандару афсонаи Ҷам аст. Маҳкам асоси маишативу чӣ суд, чун Бунёди кохи умри гироми на маҳкам аст? З-ин як дурӯза давлат аз оғози умри хеш, Хуррам машав, ки оқибати кор мубҳам аст. Бас тозаву тар аст риёзи амал, вале Бодаш ҳама самуму зулолаш ҳама сам аст. Дар ҳайзии замона зи шодӣ нишон маҷӯй, Чизе, ки вофир аст дар ин тангно, ғам аст! Хуни дил аст баҳраи мо, чун шафақ, мудом, З-ин ҷоми лоҷвард, ки давраш дамодам аст. Бар ташнагони водии Каъб аст навҳагар Гардун, чиҳо, ки замзамазан гирди Замзам аст. Дасти карам кушо, ки зи кунҷи фаромушӣ Дасти кушода пардакаши номи Ҳотам аст. Ҳар кас баландтар фиканад охираш батар, Гардун ки поя-поя намудори Саллам аст. Бас кас, ки буд хотами султонияш ба даст, Монда ба зери хокдар, акнун чу хотам аст. Бигрез аз кашокаши ин золи кӯзпушт, Зеро, ки ин камон на ба бозуи Рустам аст. Доно, ки дид додани ҷонро халоси хеш, Доим дилаш зи омадани марг хуррам аст. Нодон, ки аз ҳақиқати он огаҳӣ наёфт, Пайваста сина пураламу дида пурнам аст.