Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй, номзад ба номи ту дар номаи қабул,

Эй, номзад ба номи ту дар номаи қабул, Ё айюҳал набӣ ва ё айюҳал расул. Борони раҳмати ту ки аз осмони ҷуд, Бар ошиқони ташнаҷигар кардаи нузул. Кай дар ҳарими ҳарами ҷоҳу ҷалоли ту, Ҳар ёвагардро расад андешаи духул? Ҳошо, ки аз ту рӯй битобам Халилвор, Чун нест офтоби туро офати уфул. Дар сар ҳавои ишқи ту Ҷомӣ кашидааст, Сар дар гилеми фақр ба пайғӯлаи хумул.