Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Сӯҳбати Сомон Бо Мева Ва Кӯтал

- Олу, олу, эй олу, Аз чист сурхии ту? - Сурхиям аз гармояст, Гармо дар ҷонам ҷояст. - Себак, себак, чӣ сон ту Ширин шудию дилҷӯ? - Таъми ман аз гармояст, Гармо дар ҷонам ҷояст. - Анҷир, анҷир, эй анҷир, Ту чун шудӣ дилпазир? - Ҳадяе аз гармояст, Гармо дар ҷонам ҷояст. - Ангур, ангур, эй ангур, Аз куҷо ин шаҳду нур? - Аз эҳсони гармояст, Гармо дар ҷонам ҷояст. - Кӯтал, кӯтал, эй кӯтал, Зарҳал шудӣ ту пал-пал? - Вақташ омад, соз омад, Фасли гармо боз омад.

Китобҳои муаллиф