Се Ёраки Бехобак
Аз дидаҳо дар канор,
Дар як гӯшаи анбор,
Ки рӯшаниро раҳ нест,
Ҷувори яке мезист.
Ҷуворияк армон дошт,
Ҷуворияк паймон дошт:
Чеҳра афрӯзад баҳор,
Аз ин кунҷи тангу тор,
Раҳ сӯйи саҳро гирад,
Ҷо дар он паҳно гирад.
Бар сар хоки тар кашад,
Аз хоки тар сар кашад.
Мавсими тобистон буд,
Вақти каҳ буду дон буд.
Ризқу рӯзиро деҳқон
Ғун меовард аз майдон.
Марди соҳиби анбор
Монда омад чун аз кор,
Ёд овард аз ҷуворӣ,
Мисли як тан хуморӣ.
Ҷувории бирён хост,
Сӯйи анбор омад рост.
Ҷувориро аз ҷувол
Дар косае моломол
Берун бо ёрон овард,
Назди оташдон овард.
Кадбону таку дав кард,
Дар оташдон алав кард.
Ҷуворӣ бар дег андохт,
Муште мола рег андохт.
Омеза бирён шавад,
Табъи дилу ҷон шавад.
Ҷуворӣ нороҳат шуд,
Ҷуворӣ бетоқат шуд:
Беғам агар нишинад,
Илоҷашро набинад,
Беҳуда дар мегирад,
