Ишқи ту мансух сохт дафтари алломагӣ,
Ишқи ту мансух сохт дафтари алломагӣ,
Бар варақи мо навишт ҳарф ба сарномагӣ.
Хилъати шаҳ бод чуст бар қади хосон, ки ҳаст,
Ҷомаи дарвеш бас хилъати беҷомагӣ.
Дар раҳи худкомае хок шудему ҳанӯз
Аз сари ӯ кам нашуд нахвати худкомагӣ.
Баски кунанд издиҳом, баҳри тамошо авом,
Маҷлиси воиз гирифт сурати ҳангомагӣ.
Маҳрами рози ту нест кас ба ҷаҳон, з-он шаванд
Хосагиёнат ниҳон дар ҳаҷаби омагӣ.
Нафс, ки шуд мутмаин дар катафи ишқи ту,
Раст зи амморагӣ, монд зи лаввомагӣ.
Ҷомиву назми баланд, к-аз пайи сабташ кунад
Ваҷҳи қамар сафҳагӣ, тири фалак хомагӣ.