Дилам бе ҷамоли ту нуре надорад,
Дилам бе ҷамоли ту нуре надорад,
Ҷудо аз висолат суруре надорад.
Бубин лоларо, бо ҳама бод дар сар,
Ки пеши ту чандон ғуруре надорад.
Ба май з-он диҳам нақди ҳастӣ, ки ҳар кас
Нашуд ғоиб аз худ, ҳузуре надорад.
Таҷаллӣ талаб, Мӯсии туст ҷонам,
Ки ҷуз кӯҳи андуҳи Туре надорад.
Ба талхӣ ба сар мебарад умр Ширин,
Зи ширинлабат ҳарки шӯре надорад.
Зи рашки ту бустон чунон мотаме шуд,
Ки гул гарчи савр аст, суре надорад.
Зи худ нол, Ҷомӣ, на аз хубрӯён,
Касе бар ту дар ишқ зӯре надорад.