Сабзи Сабз
Сабза саҳар сар кашид,
Сар аз хоки тар кашид.
Дид осмон сабзи сабз,
Оби равон сабзи сабз,
Кӯҳи гарон сабзи сабз,
Дашти калон сабзи сабз.
Ҳайрон шуд, аз ранги худ
Ҳоло ки бехабар буд.
Чунки мисли осмон,
Монанди оби равон,
Монанди кӯҳи гарон,
Монанди дашти калон,
Субҳидам буд сабзи сабз,
Сабза ҳам буд сабзи сабз.
