Ману Ҷӯраҳои Ман
Ману ҷӯраҳои ман
Як деҳаи пур астем,
Ману ҷӯраҳои ман
Хурдони чирадастем.
Ҷое, ки ҷойи ёрист,
Ҷойи мо бошад он ҷо,
Хурд магӯ, ҳама кор
Меояд аз дасти мо.
Холаи Марям бе кас,
Вале магарӯ танҳост?!
Хабаргиронаш моем,
Ӯхолаи ҷони мост.
Рамаи деҳ дар Такоб,
Чӯпон акои Тилло.
Кӣ боғ ашро диҳад об?
Кӣ мебуд? Албатта, мо!
Хатро кӣ мекашонад? -
Нотоб амаки Равшан.
Кӣ мебуд? Албатта мо -
Ману ҷӯраҳои ман.
Якеро диҳӣ овоз,
Ҳама ояд ба майдон.
Мо ҳама дасти дароз,
Мо ҳама пойи равон…
Ману ҷӯраҳои ман
Хурдони чирадастем,
Ману ҷӯраҳои ман
Як деҳаи пур астем.
