Ва Кӯҳи Саркаш
- Эй кӯҳи саркаш, ин қадар
Сар мекашӣ сӯйи само?
То чанд сар бармекашӣ?
Қад мекашӣ то бар куҷо?
- Сар мекашам, қ ад мекашам,
То он замон, эй ҷони ҷон,
То аз сари китфам ниҳӣ
По бар сарои Каҳкашон.
- Эй кӯҳи сар то пой зеб,
Сарсабз ҳастӣ ин қадар?
Якумр мегирӣ чаро
Пӯшоки сабзи худ ба бар?
- То мурғакон дар шохаҳо
Монанд зебо ошён,
Сомони ҷон хушдил шавад
Аз чаҳ-чаҳи ин мурғакон.
- Эй кӯҳи дар гил пойбанд,
Эй сарбаланди побаҷо,
Аз домани ин обу хок
Бигрифтаӣ маҳкам чаро?
- Поят набошад устувор
Гар дар дили хоки ватан,
Душвор дар рӯйи замин
Сарро баланд афрохтан.
