Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Он ки бар хайли бутон сохт Худо подшаҳаш,

Он ки бар хайли бутон сохт Худо подшаҳаш, Сурмаи аҳли назар бод ғубори сипаҳаш. Шармсорам, ки чу ояд ба сарам қосиди ӯ, Барнаёяд зи танам ҷон, ки фишонам ба раҳаш. Ҳусни қосид чу ба мақсуди шаҳӣ хос бувад, Кай сазад чашми гадоён, ки бувад ҷилвагаҳаш. Чун расад ҷилвакунон кавкабаи ҳусни Айёз, Ба ҷуз аз дидаи Маҳмуд нашояд нигаҳаш. Дидаи аҳли назар бод чу кофури сафед, То набинанд ба он холи муанбарсияҳаш. Гар диламро бишикофад чу гул он ғунчадаҳон, Ёбад аз шавқи худ оғушта ба хун таҳ ба таҳаш. Нест бар қавли забон ҳеч гунаҳ Ҷомиро, Оҳ, агар дарнагузоранд каримон гунаҳаш.