Ҳастии ман шуд ҳиҷоби ӯ, бидеҳ, соқӣ, шароб,
Ҳастии ман шуд ҳиҷоби ӯ, бидеҳ, соқӣ, шароб,
То кунад аз ҳастии ман як замон ғофил маро.
Гар нагирад дасти ман шоҳи араб, эй войи ман,
Инчунин к-андар аҷам мондаст по дар гил маро.
Ҷомиосо ғарқаи дарёи ишқи ӯ шудам,
Ҳеч аз ин дарё мабодо рӯй дар соҳил маро.
Гар зи ҷайби гул наёяд накҳати пироҳанат,
Бод дар гулгашти бустон хори домангири мо.
Гирди рон даррафт тақсире зи мо, инак расид,
Ашки Ҷомӣ то бихоҳад узре аз тақсири мо.