Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Агар на соғари лаълат ба ком хоҳад шуд,

Агар на соғари лаълат ба ком хоҳад шуд, Зи дида хӯрдани хунам мудом хоҳад шуд. Чунин, ки лоғару зард аст з-абрӯят маҳи нав, Чу як-ду ҳафта барояд, тамом хоҳад шуд. Сутуни тири худ аз хонаи дилам чу кашӣ, Хаёли қадди ту қоиммақом хоҳад шуд. Чу доя бар лабат ангушт зад, башорат дод: Ки хушиборату ширинкалом хоҳад шуд. Ҳаме намуд зи қаддат, ҳанӯз нозада гом: Ки ҳамчу кабки дарӣ хушхиром хоҳад шуд. Ғизолвор рамидӣ зи ман, намедонам, Ки табъи саркаши ту бо кӣ ром хоҳад шуд? Вуҷуди хокии Ҷомӣ зи шавқи маҷлиси ту Пас аз вафо-т суроҳиву ҷом хоҳад шуд.