Гуноҳи Кист?
Ниҳоли сабзи раҳро канд,
Ба сардӣ рӯйи раҳ афканд.
Кӣ канд онро?
Худи Исо
Ва ё дастони Исо канд?
Қадам Исо зад аз гулзор,
Таги по шуд гули бисёр.
Аз Исо ё зи пойиӯ
Гулу гулзор дид озор?
Ду тан ҳамсинф гирён аст,
Ба ҳам дасту гиребон аст,
Худи Исо намебинад
Ва ё чашмаш, ки хандон аст?...
Абҳар - а) сурх, б) ёсуман, в) наргис, г) чашм
Агар гӯйӣ гуноҳашро,
Барад сӯе нигоҳашро,
Нагардад бар гунаҳ иқ рор
Забонаш, ё худи Исо?
Кӣ мегӯяд, гуноҳи кист:
Гуноҳ аст аз худи Исо,
Гунаҳкоранд ё ӯро
Забону чашму дасту по?
