Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Буд пок аз рангҳои шиша нури офтоб,

Буд пок аз рангҳои шиша нури офтоб, Чун ба ранги шиша зоҳир гашт, шуд бар худ ҳиҷоб. Гар на ранги шишаҳо гардад ҳиҷоби нури ӯ, Сатвати ишроқ онро мушкил орад, дида тоб. Шуд ҳиҷоби оина нури ҷамоли муҳтаҷаб «Инна ҳозо инда асҳоби-л ҳаҷҷи шайин иҷоб». Ошиқонро тӯри ҳастӣ пора гаштӣ чун Калим, Гар набудӣ бар ҷамоли зоҳир аз мазҳар ниқоб. Мазҳар аз рӯи яқин ҳарчанд ғайри зоҳир аст, Ояд аз рӯйи ҳақиқат айни зоҳир дар ҳисоб. Зоҳир андар айни мазҳар мазҳар аст, инро бидон, Мазҳар андар зоти зоҳир зоҳир аст, инро биёб. Об бошад ҳамчу зоҳир, гул чу мазҳар, филмасал, Об андар гул чӣ бошад гул, гул андар об, об. Даъвии ваҳдат кунӣ, Ҷомӣ, чӣ бок, ар муддаӣ Аз сари инкору рад гӯяд суолатро ҷавоб Гар на чун ориф зи як ҷо бинӣ инкору қабул, Бошад он даъво хато, валлоҳу аълам, биссавоб!