Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем,
Он иди мо куҷост, ки қурбони ӯ шавем,
Дар як назора куштаи ҷавлони ӯ шавем.
Ҷавлонгаҳаш кадом замин аст, к-аз мижа,
Хошокрӯби арсаи майдони ӯ шавем.
Моро таматтуъе набувад аз ҷамоли ӯ,
Азбаски дар мушоҳида ҳайрони ӯ шавем.
Ҳар ташналаб зи ҷӯй кунад ҷустуҷӯйи об,
Мо ташналаб зи чоҳи занахдони ӯ шавем.
Бикшой бурқаъ аз рухаш, эй боди навбаҳор,
То андалеби тозагулистони ӯ шавем.
Печад ба пардаҳои фалак дуди оҳи ман,
Чун шуълазан зи оташи ҳиҷрони ӯ шавем.
Бо ошиқони бесару сомон хуш аст ёр,
Ҷомӣ, биё, ки бесару сомони ӯ шавем.