Чӣ ҷавр монд, ки бар мо маҳи сиём накард,
Чӣ ҷавр монд, ки бар мо маҳи сиём накард,
Кадом айш, ки бар ошиқон ҳаром накард.
Кадом сабзаи умедро, ки хушк насохт,
Кадом меваи мақсудро, ки хом накард.
Рамид ноқаи роми тараб, намедонам
Зи тори чанг чиро мутрибаш зимом накард.
Муқаллиданд ҳама хосу ому ориф низ,
Ҷуз он ки кор ба тақлиди хосу ом накард.
Сиём чист? Зи ҷоми висол маҳрумӣ!
Хушо касе, ки дар ин моҳ тарки ҷом накард.
Ба чошт рӯзаи худро ба бода кард ифтор,
Ҳаволааш чу сафеҳон ба вақти шом накард.
Зи зиракон нарасад эътироз бар Ҷомӣ,
Ба муқтазои чунин савм, агар қиём накард.