Надорам сабр, к-аз рӯйи ту чашми хунфишон бандам,
Надорам сабр, к-аз рӯйи ту чашми хунфишон бандам,
В-агар аз ман бипӯшӣ рӯй, аз номат забон бандам.
Гирифторам ба банди ишқи ту, аз ман машав ранҷа,
Пайи рӯпӯш агар худро гаҳе бар ину он бандам.
Балои ҳиҷр то н-ояд фурӯ бар ман, кунам ҳар шаб,
Зи печон дӯди дил занҷири дар бар осмон бандам.
Ниҳам зулфат ба каф, гуфтӣ, пайи дафъи фаромушӣ,
Бар ангуштат, биё, то аз раги ҷон ресмон бандам.
Узорат гул, вале паст аст гулбун бо қадат он беҳ,
Гул аз гулбун бичинам бар сари сарви равон бандам.
Гаҳи қатлам камонатро, ки баст, аз зӯри бозу зеҳ,
Биё, к-аз риштаи умри худат зеҳ бар камон бандам.
Магӯ, Ҷомӣ, сабурӣ пеша кун к-афтад ба ман оташ,
Агар як лаҳза чашм аз гиряву лаб аз фиғон бандам.