Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: сулҳ

Шеърҳои марбут ба теги «сулҳ» дар сомонаи «Шоирон».

Сухан аз истиқлол

Камол Насрулло

Сухан аз истиқлол сухан аз бедорист, Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст, Ҳамчу абре ба сари хушкии он рехтан аст, Сухан аз истиқлол сухан аз озодист.

Суруди ватан

Камол Насрулло

Гуфтам: “Ватан”, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт, Гуфтам: “Ватан”, чу гул ба лабонам сухан шукуфт. Гуфтам: “Ватан, Ватан”, ҳама дашту даман шукуфт, Уммеди ман, муҳаббати ман дар Ватан шукуфт.

ИСТИҚЛОЛИ МО

Камол Насрулло

Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем, Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем. Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем, Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.

Сулҳ

Боқӣ Раҳимзода

Хонаи умеди дунё кишварам, Кишвари паҳновару бахтоварам, З-ин саодат сар ба гардунҳо барам, Ҳофизи озодии баҳру барам.

Сулҳ

Аминҷон Шукӯҳӣ

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад, Равнақу шодию барор оварад. Сулҳ бувад шаршараи ҷӯйи об, Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.

Мо толиби сулҳем

Аминҷон Шукӯҳӣ

Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем, Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем, Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем, Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.