Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Робиаи Балхӣ

Робиаи Балхӣ

Робиаи Балхӣ (инчунин маъруф ба Робиа бинти Каъби Қуздорӣ) — нахустин шоири зани порсигӯй дар таърихи адабиёти классикӣ мебошад, ки дар асри X (давраи Сомониён) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ӯ ҳамдавраи Одамушшуаро Рӯдакӣ буд ва бо забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ шеър месуруд. Робиа духтари ҳокими Балх (Каъби Қуздорӣ) буд ва аз хурдӣ бо илму адаб парвариш ёфтааст. Бино ба ривоятҳо, Робиа ба Бектош, ғуломи турки бародараш Ҳорис, ошиқ мешавад. Ин ишқ дар шеърҳои ӯ инъикос ёфта, сабаби марги фоҷиавии ӯ гардид. Вақте Ҳорис аз ишқи хоҳараш ва ашъори ӯ огоҳ мешавад, фармон медиҳад, ки Робиаро дар ҳаммоми тафсон ҳабс кунанд ва рагҳои дасташро бибуранд. Гуфта мешавад, ки ӯ охирин шеърҳои худро бо хуни худ дар девори ҳаммом навиштааст. Аз мероси адабии Робиаи Балхӣ то замони мо танҳо миқдори ками ашъор боқӣ мондааст: ҳамагӣ 55 байт, аз ҷумла 7 ғазал ва 4 дубайтӣ ҳифз шудааст.

4Шеърҳо
252Боздид

Осор

Шоирони дигар

Ш
Шавкати Бухороӣ
? - 1695
Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр
967 - 1049
Носири Хусрав
Носири Хусрав
1004 - 1088
Ҳусайни Мунзавӣ
Ҳусайни Мунзавӣ
1946 - 2004
Абдураҳмони Мушфиқӣ
Абдураҳмони Мушфиқӣ
1525 - 1588