Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад, Пояи поён нахоҳад ҳеҷ гаҳ хотир маро. Хоҳам ин, ки ворасам то қуллаи мақсуди худ, Ё ки дар ин роҳ хобонад аҷал охир маро.