Зиён мекунад марди тафсирдон, Ки илму адаб мефурӯшад ба нон. Куҷо ақл ё шаръ фатво диҳад, Ки аҳли хирад дин ба дунё диҳад? Валекин ту бистон, ки соҳибхирад, Аз арзонфурӯшон ба рағбат харад.