Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд

Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд, Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд. Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс: Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд? Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ, К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд. Ё Раб, ин навдавлатонро бо хари худшон нишон, К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд. Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон Медиҳанд обею дилҳоро тавонгар мекунанд. Ҳусни бепоёни ӯ чандон ки ошиқ мекушад, Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд. Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гӯй, К-андар он ҷо тинати Одам мухаммар мекунанд. Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт: «Қудсиён, гӯйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».