Баргҳои тиллоӣ
Баргҳои сабз тиллоӣ шуданд,
Сурхрӯ гӯё ки аз бойӣ шуданд.
Лек аз сайри шамоли тирамоҳ
Зери по афтода, ҳарҷойӣ шуданд.
Дар фироқи боғ савдоӣ шуданд.
Меваҳоро чида чун дурдонаҳо*
Мардумон бурданд сӯйи хонаҳо.
Баргҳо монданд чун болу паре
Баъди кӯчи булбулон аз лонаҳо,
Дур аз сарманзили ҷононаҳо.
Боз фардо чун расад фасли баҳор,
Баргҳои тоза андар шохсор
Боз ҳам гаҳвораҷунбонӣ кунанд,
Дар сари гулҳо қатор андар қатор,
То шавад ҳар як ниҳоле сербор.
Боғҳо чун Ҳотами Тойӣ шаванд,
Меваҳои сабз тиллоӣ шаванд
Дида инро баргҳо боз аз ғурур*
Худписанду маст аз бойӣ шаванд.
Боз ҳам рӯзарду ҳарҷойӣ шаванд.