Шеърҳои марбут ба теги «тирамоҳ» дар сомонаи «Шоирон».
Аминҷон Шукӯҳӣ
Баргҳои сабз тиллоӣ шуданд, Сурхрӯ гӯё ки аз бойӣ шуданд. Лек аз сайри шамоли тирамоҳ Зери по афтода, ҳарҷойӣ шуданд.
Убайд Раҷаб
Бо ханда рӯйи худ тофт Хуршеди тирамоҳон. Тасвири дигаре ёфт Маҳбуб Тоҷикистон.