Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Куштаи ханҷари ишқ аст дили зиндаи мо,

Куштаи ханҷари ишқ аст дили зиндаи мо, Ғарқи ҷамъияти ӯ вақти парокандаи мо. Бахя бар васлаи пайванди касон кам задаем, Дасти таҷрид бувад бахякаши зиндаи мо. Гар бихандем, макун айб, ки чун ғунча бувад, Пардапӯши дили оғушта ба хун хандаи мо. Нақши тақвими аҷал – зоиҷаи толеи мо, Утфи домони абад – давлати пояндаи мо. Чист дар гӯши вай аз моҳи нав ин ҳалқаи зар, Гар на аз давлати ишқ аст фалак бандаи мо? Ҳаст ҷӯянда чу ёбанда, надонем, чарост Дарди ноёб насиби дили ҷӯяндаи мо? Ҷомӣ, офоқ пур аст аз рақами ишқ, ҳанӯз, Ҳаст аз ин ҳарф хиҷил килки сарафкандаи мо.