На кӯйи дӯст ҳавои чаман гузошт маро,
На кӯйи дӯст ҳавои чаман гузошт маро,
На ёди ӯ ҳаваси анҷуман гузошт маро.
Рабуда буд зи ман ёри ман маро, ё Раб,
Чӣ ҷурм рафт, ки дигар ба ман гузошт маро?
Танам гудохт зи ҳиҷрону ҷон бисӯхт зи шавқ,
Балои ишқ на ҷону на тан гузошт маро.
Гирифтамаш сари раҳ дӣ, пур аз сухан даҳане,
Равон гузашту сухан дар даҳан гузошт маро.
Зи ғусса Кӯҳканам, чархи Бесутун гӯӣ,
Дар ин ҳунар ба дили Кӯҳкан гузошт маро.
Маро чӣ заҳра, ки гардам надими хилвати ӯ,
Бас ин ки гарди дари хештан гузошт маро.
Чи гуна шарҳ диҳам, сирри ишқи ӯ, Ҷомӣ,
Ки ишқи ӯ на маҷоли сухан гузошт маро.