Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй парирух, марав аз хонаи мо,

Эй парирух, марав аз хонаи мо, Раҳм кун бар дили девонаи мо. Дар ғами ишқи ту афсона шудем, Бинишин, гӯш кун афсонаи мо. Аз майи ишқ чу паймона барем, Лаб бинеҳ бар лаби паймонаи мо. Ганҷи ҳуснӣ, чи тилисм ангезем, Ки шавӣ сокини вайронаи мо. Масти ишқему диҳад завқи дигар Бар рухат наъраи мастонаи мо. Нур ҷустем зи шамъи рухи ту, Оташ андохт ба кошонаи мо. Дид Ҷомӣ суи холат, гуфто, Ки ба ҳар мурғ расад донаи мо.