Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

То дидаам чу гулбӯтаи пераҳан туро,

То дидаам чу гулбӯтаи пераҳан туро, Гулбарги тоза хондаам аз лутфи тан туро. Аз тору пуд ранҷа шавад нозанин танат, Беҳ, гар кунанд ҷома зи барги суман туро. Ту он бутӣ, ки ҳеҷ бараҳман ба буткада Бутро надошт дӯст бад-ин сон, ки ман туро. Он турки кофари ту, ки баҳри ҳалоки ман Карданд номзад зи Хитову Хутан туро. Мужда диҳӣ, ки ҷони ту бас нархи бӯсаам, Пеш ор сар, ки бӯса занам бар даҳан туро. Кас нест, к-аз таронаи ту нест дар самоъ, Дастони дигарест ба ҳар анҷуман туро. Ҷонон, ки ҷони туст, зи ту соя баргирифт, Ҷомӣ, чӣ мумкин аст дигар зистан туро!