Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй, ду гесӯт шаби қадру барот

Эй, ду гесӯт шаби қадру барот Ҷон фидо карда баро-т аҳли наҷот. Ёфт бар хоки дарат ҷо сари ман, «Нилта мин бобикаалодараҷот...» Сабзаи хатти ту болои лаб аст, Бартар омад зи шакар қадри набот. Баъди маргам ба вафо ваъда диҳӣ, Медиҳам ҷон ба таманнои вафот. Захми теғи ту диламрост даво, Чун қалам менакашам сар зи давот. Сирри ирфон талаб аз гармравон, Воқифонро чи вуқуф аз арафот. Шеъри Ҷомиву саводи хати ӯ Зуламотест дар ӯ оби ҳаёт.