Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Соқиё, чанд зикри мавту ҳаёт,

Соқиё, чанд зикри мавту ҳаёт, Бода дардеҳ, ки гил оти от. Саъйиоти ман аст ҳастии ман, Ҳасанотам аз он халосу наҷот. Чанд ҷомам бидеҳ пай андар пай, Узҳибу-с-саййиоти би-л-ҳасанот. Пеши хум мим ба саҷда дарор, Ки намоз аст афзал-ул-ҳаракот. Даҳанамро зи ғайри бода бибанд, Ки сиём аст аҳсан-ус-саканот. Воқифам кун ба кунҷи дайр, ки ҳаҷ «Лайса иллал вуқуфи би-л-арафот». То ба кай бонги ҳай-ҳай, эй сӯфӣ, Медамад бӯйи дурӣ аз ҳайҳот. Н-омадӣ ҳаргиз аз ҷиҳот бурун Кай хабар ёбӣ аз буруни ҷиҳот. Дари майхона ҷо-т шуд, Ҷомӣ, Нилту валлоҳи арфаа-д-дараҷот.