Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Мерасад аз давлати ишқам мадад,

Мерасад аз давлати ишқам мадад, Бандаи ишқам зи азал то абад. Буд аҳади ишқ зи оғози кор, Лек баромад ба либоси адад. Дидаи дил гар шавадат тезбин, Ҳеч набинӣ зи адад ҷуз аҳад. Муътақиди хеш бувад шайхи шаҳр Хок бар ин муътақиду муътақад. Нақди қабулаш ба каф н-омада, Бар рухи ошиқ ниҳад дасти рад. Дар ҳақашон нест ҳадисаш саҳеҳ, Чун на ба инсоф расонад санад. Ҷомӣ, аз ӯ нуктаи ваҳдат мапурс, Мункири баҳр аст асири забад