Ту тангчашмии он шӯх бин, чу ноз кунад,
Ту тангчашмии он шӯх бин, чу ноз кунад,
Ки чашм сӯйи муҳиббон ба сарфа боз кунад.
Чу илтимос нигоҳе кунам, бипӯшад чашм,
Чу он бахил, ки дар бар гадо фароз кунад.
Кунад зи зуд шудан рӯзи васлро кӯтоҳ,
Шаби фироқ зи дер омадан дароз кунад.
Марав ба савмаа, гӯ рӯйи худ кушода мабод,
Ки рӯйи аҳли ҳақиқат сӯйи маҷоз кунад.
Чи суд рӯйй ба меҳроб карданам, чу маро
Хаёли абрӯи ӯ рахна дар намоз кунад?
Ба ҳар касе шавад омехта чу ширу шакар,
Ба сони оташу об аз ман эҳтироз кунад?
Махоҳ баҳра зи кас, Ҷомиё, ки кор он аст,
Ки бе миёнҷии ағёр кор соз кунад.