Гарчи аз дил дида рахти худ ба мавҷи хун барад,
Гарчи аз дил дида рахти худ ба мавҷи хун барад,
Бо хаёли тоқи абрӯят ба пул берун барад.
Ҳар ки чун Рӯҳулқудс дар вай дамад лаълат даме,
Аз сабукрӯҳӣ чу Исо рахт бар гардун барад.
Лаъли ҷонбахшат навишт аз хат фусуни дилбарӣ,
Ҳеч кас дил, балки ҷон мушкил аз ин афсун барад.
Вақти сӯфӣ хуш, ки созад раҳни пири майфурӯш,
Хирқаи садпораро, чун бодаи гулгун барад.
Нест ҳамдарде, ки донад меҳнати маҳрумиям,
Кист, к-ин қисса сӯйи Фарҳод ё Маҷнун барад?
Дам ба дам борам зи кори ишқат афзояд, бале,
Ҳар ки ранҷ афзун кашад дар кор, музд афзун барад.
Куштагони ғам зи лаъли ҷонфазоят ҷон баранд,
Ҷомии бедил намедонам, к-аз ӯ ҷон чун барад?