Соқиё, аҳди гул аз абри баҳорон тоза шуд,
Соқиё, аҳди гул аз абри баҳорон тоза шуд,
Боғу роғ аз сабзаву сабза зи борон тоза шуд.
Лола омад дар чаман чун соғару наргис – ба боғ,
Сӯи соғар орзуи майгусорон тоза шуд.
Майпарастон з-оташи гул базми май афрӯхтанд,
Доғҳои ҳасрати парҳезгорон тоза шуд.
Сабза сар барзад зи хоку меҳри хатти гулрухон
Ҳамчу сабза дар даруни хоксорон тоза шуд.
Андалебон дар ҳавои гул наво бардоштанд,
Ишқбозонро ҳавои гулузорон тоза шуд.
Лола шамъ афрӯхт, наргис ҷоми май бар каф ниҳод,
Дар сабӯҳӣ рағбати шабзиндадорон тоза шуд.
Ҷомӣ, аз нав як гул овард аз баҳори табъи хеш,
Завқи гуфтугӯи он гул бар ҳазорон тоза шуд.