Зиҳӣ нури ту аз ҳар зарра зоҳир,
Зиҳӣ нури ту аз ҳар зарра зоҳир,
Камоли ваҳдати зоти ту – қоҳир.
Туӣ аввал, туӣ охир, валекин,
На аввал бошадат пайдо, на охир.
Туӣ зоҳир зи ҳар хотир, надонам
Чаро солик кунад нафъи хавотир.
Зи ҷоми ишқи ту як ҷуръа хоҳам,
Валекин ло ило а-л-яди-л-мазоҳир.
Зи ту ғоиб чаро бошам чу бинам,
Ба ҳоли худ туро ҷовид ҳозир.
Туӣ дар чеҳраи маъшуқ манзур,
Туӣ дар дидаи ушшоқ нозир.
Наёяд дар ватан боз он, ки гардад
Ба азми Каъбаи кӯят мусофир.
Кунад тарки сафар ҳар роҳдоне,
Ки гардад бар дарат рӯзе муҷовир.
Тариқат, Ҷомӣ, аз соҳибдиле гир,
Ки бошад дар тариқи ишқ моҳир.