Кори ман омад ба ҷон аз ёри дур,
Кори ман омад ба ҷон аз ёри дур,
Нест ҷон додан чунон аз кори дур.
Ин ки гӯӣ, чунӣ аз ғам? Чун бувад
Тан зи ҷон танҳо, дил аз дилдор дур?
Гар бинолам в-ар бигирям дур нест,
Шавқ ғолиб, мавъиди дидор дур.
Хос н-ояд рост бо савдои ом,
Фикри хона бошад аз бозор дур.
Гар ҳазор озор аз он бадхӯ расад,
Табъи ошиқ бошад аз озор дур.
Ҳар ки ин рухсори неку дид, гуфт:
Ё Раб, аз чашми бадонаш дор дур!
Маҳмили Ҷомӣ ба манзил кай расад?
Тӯша – андак бодия – бисёр дур.