Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Додӣ зи лутф хӯе маро бо висоли хеш,

Додӣ зи лутф хӯе маро бо висоли хеш, В-онгаҳ нуҳуфтӣ аз назари ман ҷамоли хеш. Шукри Худойро натавонӣ, ки як нафас, Пайванди хотирам бубарӣ аз хаёли хеш. Берун хиром масту сар андоз ҳар тараф, Сарҳои сарварон бинигар поймоли хеш. Девонаи туам, дигаронро ба санг зан, Дар шӯр кун маро пайи дафъи малоли хеш. Гар боғбон зи лутфи қадат ёфтӣ нишон, Бар ҷӯйбори дида нишондӣ ниҳоли хеш. Дорӣ дареғ теғи худ аз ошиқон, мабош Бар ташнагон биҳил ба оби зулоли хеш. Гуфтӣ, ки чист ҳоли ту, Ҷомӣ, худойро, Биншин даме, ки бо ту кунам шарҳи ҳоли хеш.