Бурун хиром, ки андар раҳи ту хок шавам,
Бурун хиром, ки андар раҳи ту хок шавам,
Раво мадор к-аз ин орзу ҳалок шавам.
Ҷудо зи хоки дарат гар фитам ба оби ҳаёт,
Чу моҳиёни ҷигарташна дар тапок шавам.
Ба даври чашми ту то далқи зуҳд наздик аст,
Ки ринди дурдикашу масти ҷомачок шавам.
Гадои он сари кӯям, вале зи ҷаври рақиб,
Дар он нишемани давлат ба тарсу бок шавам.
Чу май хӯрӣ ба сарам рез чанд косаи дурд,
Ки аз кудурати тақвову тавба пок шавам.
Хушо ба васли ҳарифон аз он чӣ бок туро,
Ки аз фироқи ту ғамгину дарднок шавам.
Ҳумои авҷи баландам на хуш бувад, Ҷомӣ,
Ки паст хокнишинони ин мағок шавам.