Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аз ниҳонхонаи васли ту ҷудо афтодам,

Аз ниҳонхонаи васли ту ҷудо афтодам, Ман куҷо будам аз ин пешу куҷо афтодам. Ҷонам аз сатвати бечунии ту бечун буд, Дур мондам зи ту дар чуну чаро афтодам. Асли ҳар нағма, ки бошад нафаси раҳмати туст, Ман аз ин нағмаи аслӣ чу садо афтодам. Доштам бо ту фароғат зи балеву зи бало, Як бале гуфтаму дар доми бало афтодам. Будам аз ҳастии худ тирадилу ташнаҷигар, Рӯйи ту дидаму дар баҳри сафо афтодам. Нест ҷое зи ту холӣ ба таманнои ту буд, Ки дар ин бодияи ҳирсу ҳаво афтодам. Ҷомӣ, аз ҷоми майи ишқи туам, эй соқӣ, Дасти ман гир ба ҷоме, ки зи по афтодам.