Соқӣ баромад абри баҳорон,
Соқӣ баромад абри баҳорон,
Шуд сабзаву гул хуррам зи борон.
Жола гуҳар рехт дар ҷоми лола,
Лола алам зад дар кӯҳсорон.
Наргис кушода чашме бар ахтар,
Шаб то саҳаргаҳ шабзиндадорон.
Саҳро гирифтанд хилватнишинон,
Паймон шикастанд парҳезгорон.
Хуш он ки гирад чун лола соғар,
Бар рӯи сабза бо гулъузорон.
Карда бунафша бар фавт фурсат,
Дурроҳа нилӣ чун сӯгворон.
Ҷомӣ, хамаш кун к-он тозагулро,
Мисли ту булбул бошад ҳазорон.