Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Эй, дар ғамат ангуштнамо сабҳашуморон,

Эй, дар ғамат ангуштнамо сабҳашуморон, З-абрӯи каҷат ҳамчу камон хамчиладорон. Сокин нашуд аз оби мижа оташи оҳам, Биншаст фурӯ шуълаи барқ аз нами борон. Аз давлати побӯси ту чун сар нафарозам, К-ин даст надодаст якеро зи ҳазорон. Ширинии ирфон набувад мар тарашонро, Ҳалво чӣ кунад кас талаб аз ғӯрафишорон. Аз хайли сагони ту буридан натавонем, Коре набувад саъбтар аз фурқати ёрон. Тири ту, ки бар синаи афгори ман омад, Меояд аз ӯ марҳамии синафигорон. Зад ханда лабат аз дами ҷонпарвари Ҷомӣ, Чун ғунча ба боғ аз нафаси боди баҳорон.