Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Инояте накунад ёри нозанин бо ман,

Инояте накунад ёри нозанин бо ман, Хуш аст бо ҳама хуниндилон, ғамин бо ман. Кушодарӯст ба ҳар кас ба сони гул, лекин Гиреҳ чу ғунча фикандааст дар ҷабин бо ман. Чу офтоб ба кунҷи сарочаи бенур, Шавад ба кулбаи торик ҳамнишин бо ман. Бад-ӯ тақарруби ман ин қадар басаст, ки ҳаст Ба зери нуҳ фалаку рӯйи як замин бо ман. Маро табассуми он лаб бикушт, толеъ бин, Ки дод хосияти заҳри ангубин бо ман. Ба шамъу машъала бошад фароғатам шаби ҳаҷр, Бас ин ки ҳамнафас аст оҳи оташин бо ман. Магӯ, ки танг бувад роҳи ошиқӣ, Ҷомӣ, Ҷарида меравам – инак, на дил, на дин бо ман.